Тоҷикистонро дар AIIB ёвари вазири молияи Русия намояндагӣ мекунад

Ёвари вазири молияи Русия Тимур Максимов ба ҳайати шӯрои мудирони Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) шомил шуд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон муовини вазири молияи Русия Сергей Сторчак хабар додааст. «Тимур Максимов аз ҷониби Русия директор шуд», – овардааст суханони Сторчакаро хабаргузории ТАСС . Рӯзҳои 16-18 январ дар пойтахти Чин – шахри Пекин маросими оғози […]

Пайрав Чоршанбиев



Ёвари вазири молияи Русия Тимур Максимов ба ҳайати шӯрои мудирони Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) шомил шуд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон муовини вазири молияи Русия Сергей Сторчак хабар додааст. «Тимур Максимов аз ҷониби Русия директор шуд», – овардааст суханони Сторчакаро хабаргузории


ТАСС


.

Рӯзҳои 16-18 январ дар пойтахти Чин – шахри Пекин маросими оғози фаъолияти мудирони Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), таъсиси воҳидҳои сохторӣ ва ҷаласаи он баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ директори алтернативии AIIB аз Тоҷикистон, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлии ҶТ

Лочин Файзуллозода намояндагӣ мекунад.

Шӯрои мудирони таъсисёфта аз 12 мудирият иборат аст, ки ҳар кадоме аз он як гурӯҳи кишварҳоро намояндагӣ мекунад. Русия бо 3 кишвари дигар – Қазоқистон, Тоҷикистон ва Эрон як гурӯҳ таъсис дод. Ба салоҳияти шӯрои мудирон маъқул шуморидани лоиҳаҳои аз ҷониби бонк сармоягузоришуда дохил мешавад. Шӯрои мудирон ҳамчунин тарзу усулҳои пешниҳоди қарзҳоро таҳия месозад.

Бино ба иттилои нашрияи

«Коммерсант»

, намоянда аз Русия дар шӯрои мудирони AIIB вазири рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев шудааст.

Ташаббускори таъсиси Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Чин аст. Рисолати калидии бонк – рафъ кардани маҳдудиятҳои инфрасохтории рушди иқтисоди кишварҳои қораи Осиё мебошад.

Чанде қабл собиқ вазири молияи Чин Сзин Литсзюн президенти бонк ва вазири молияи Чин Лоу Сзивэй раиси Шӯрои мудирони бонк таъин шуданд. Ба ҳайати шӯрои мудирон намояндаи ҳар кадоме аз кишварҳои иштирокчӣ шомил мешаванд.

Ба гуфтаи Сторчак, айни замон аз 57 кишвари иштирокчии бонк мудирони 37 кишвар таъин шудаанд. Инҳо кишварҳое мебошанд, ки расмиёти дохилидавлатии тасдиқи ҳамроҳшавӣ ба созишнома дар бораи таъсиси бонкро ба итмом расонидаанд. Тибқи оиннома, Шӯрои мудирони AIIB-ро президенти бонк роҳбарӣ мекунад.

«Ҳеҷ кадоме аз аъзои шӯрои директорон ва шӯрои мудирон маош намегирад, ҳарчанд ин кори пурмасъулият бошад ҳам. Онҳоро ба ин вазифа ҳукуматҳои кишварашон таъин мекунад», – иброз доштааст Сторчак. Мутобиқи созишнома дар бораи таъсиси AIIB, ҳаҷми сармояи оинномавии он 100 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба панҷгонаи кишварҳои бузургтарини таъсисдиҳандаи бонк аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ миёни 57 кишвар Чин, Ҳиндустон, Русия, Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ дохил мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.