Ҳалокати муҳоҷири тоҷик дар яке аз майдонҳои сохтмони Маскав

Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ҳолатҳои марги як муҳоҷири кории тоҷик, зодаи ноҳияи Қумсангир Наврӯз Назрибековро, ки рӯзи 20 январ бар асари ҳодисаи нохуш дар яке аз майдонҳои сохтмони шаҳри Маскав ба ҳалокат расидааст, таҳқиқ мекунад. Тавре котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмедов […]



Намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират ҳолатҳои марги як муҳоҷири кории тоҷик, зодаи ноҳияи Қумсангир Наврӯз Назрибековро, ки рӯзи 20 январ бар асари ҳодисаи нохуш дар яке аз майдонҳои сохтмони шаҳри Маскав ба ҳалокат расидааст, таҳқиқ мекунад.

Тавре котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмедов дар ин робита иттилоъ дод, Н.Назрибекови 31-сола ба сифати оператори лифти сохтмонии бинои бунёдмешуда кор карда, наздикиҳои танаффуси нисфирӯзӣ бар асари ба болои ӯ афтодани болори металлӣ ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, далели марги шаҳрванди Тоҷикистонро мақомоти тафтишот мавриди таҳқиқ қарор дода, аз ҷониби намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҷиҳати мусоидат ба интиқоли ҷасади муҳоҷири фавтида ба ватан чораҷӯӣ мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.