Хадамоти алоқа: Таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар ҳоли таҳия аст

Мутахассиси Раёсати ҳуқуқи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадсодиқ Кулулов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки Маркази ягонаи коммуникатсионӣ (МЯК) дар Тоҷикистон давоми соли 2016 таъсис дода мешавад. «Мутобиқи қарори ҳукумат, таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ бояд марҳила ба марҳила давоми ҳамин сол анҷом дода шавад. Тибқи нақша, мо ин корро то ахири соли ҷорӣ […]

Меҳрангез Турсунзода



Мутахассиси Раёсати ҳуқуқи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадсодиқ Кулулов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки Маркази ягонаи коммуникатсионӣ (МЯК) дар Тоҷикистон давоми соли 2016 таъсис дода мешавад.

«Мутобиқи қарори ҳукумат, таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ бояд марҳила ба марҳила давоми ҳамин сол анҷом дода шавад. Тибқи нақша, мо ин корро то ахири соли ҷорӣ ба итмом мерасонем», – қайд кард Кулулов ва ба журналистон итминон дод, ки айни замон ин Марказ кор намекунад.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи январ ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ»-ро 

ба тасвиб расонид

. Дар матни қарор, ки дар нашрияи ҳукумат 

«Ҷумҳурият»

 интишор шудааст, гуфта мешавад, маркази мазкур «бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ташкил карда мешавад».

Ҳамчунин маврид ба ёдоварист, ки соли 20006 дар баҳси Хадамоти зиддинҳисорӣ бо Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ (он замон Вазорати алоқа) ҳукумати кишвар нияти аз ҷониби Вазорати алоқа таъсис додани Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ва дастгоҳи дастрасӣ ба захираҳои иттилоотиро ғайриқобили қабул ва мухолиф ба қонунгузории Тоҷикистон эътироф карда буд.

«Ҳукумати ҶТ бори дигар сиёсати худ баҳри рушди соҳибкории озод дар бахши алоқаи барқӣ дар шароити рақобати мунсифона ва роҳ надодан ба монополия дар ин бахшро тасдиқ кард», – зикр гардида буд соли 2006.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба он хотир таъсис дода шуд, ки алоқаи барқӣ аз ҷониби созмонҳои террористиву ифротгаро истифода нашавад.

Ба гуфтаи Одиназода, имрӯз Маркази ягонаи коммуникатсионӣ ба хотири таъмини амнияти кишвар таъсис дода мешавад. «Маркази мазкур барои субъектҳои машғул ба фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ намекунад. Фаъолияти ин марказ аз ҷониби хадамоти зиддиинҳисорӣ назорат мешавад. Ҳамаи нархҳо бо мо мувофиқа мешаванд. Ин марказ танҳо зангҳои вуруд ва хурӯҷи алоқаи барқиро ба хотири таъмини амният назорат мекунад», – қайд кард Н.Одиназода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.