БМТ маълумоти қатъи интиқоли рубл ба Тоҷикистонро рад мекунад

Низомҳои интиқоли маблағҳои “Золотая корона” ва “Лидер” маблағҳоро бо пули русӣ бе мамониат қабул мекунанд. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба хабари сомонаи оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс” дар мавриди он, ки гӯё низоми интиқоли маблағҳои “Золотая корона” ва “Лидер” қабул ва интиқоли рубли русии шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ кардааст, изҳор менамояд, ки дар айни замон тамоми низомҳои […]

Иттилоияи расмӣ



Низомҳои интиқоли маблағҳои “Золотая корона” ва “Лидер” маблағҳоро бо пули русӣ бе мамониат қабул мекунанд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷавоб ба

хабари сомонаи оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс”

дар мавриди он, ки гӯё низоми интиқоли маблағҳои “Золотая корона” ва “Лидер” қабул ва интиқоли рубли русии шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ кардааст, изҳор менамояд, ки дар айни замон тамоми низомҳои интиқолии амалкунанда дар қаламрави Русия, аз он ҷумла “Золотая корона” ва “Лидер” тибқи реҷаи маъмулӣ ин амалиётҳоро анҷом дода истодаанд. Тамоми сару садоҳо дар атрофи қатъ гардидани қабули маблағҳои бо рубли русӣ пешниҳодшавандаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Русия аз ҷониби низомҳои интиқолии зикршуда дурӯғ буда, ягон зарра ҳақиқат надоранд.

Субҳи имрӯз, чун рӯзҳои дигар масъулони Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони низомҳои интиқолии Русия иртиботи телефонӣ доштанд ва дар натиҷа маълум гашт, ки низомҳои номбурда бе мамониат маблағҳои рублии шаҳрвандони Тоҷикистонро қабул ва ба ҷумҳурии мо интиқол дода истодаанд. Илова бар ин, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ бо зиёда аз 20 низоми интиқолии дунё, аз ҷумла бо Русия ҳамкорӣ зич доранд ва ҳамарӯза аз тариқи ин низомҳо ба Тоҷикистон бе ягон мушкилот маблағҳои пулӣ интиқол дода мешаванд.

Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки нуқтаҳои интиқоли маблағҳои ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳамарӯза маблағҳои бо рубли русӣ, аз он ҷумла аз Русия фиристодашударо ба интиқолгирандагон бо пули миллӣ – сомонӣ пардохт менамоянд. Дар робита ба ин масъала айни замон ягон мушкилот нест, зеро фаъолияти бомарому муназзами нуқтаҳои интиқоли маблағҳо ҳамеша таҳти назорати Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.