Давраи омӯзишии сафорати ИМА барои марзбонони тоҷик

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе давраи омӯзишии дуҳафтаина оиди сохтани шабакаи мухобиравӣ барои афсарони алоқаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маблағгузорӣ шудааст, ба анҷом расонд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими […]



Сафорати ИМА дар ш. Душанбе давраи омӯзишии дуҳафтаина оиди сохтани шабакаи мухобиравӣ барои афсарони алоқаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА (СЕНТКОМ) оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маблағгузорӣ шудааст, ба анҷом расонд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, маросими хотимавии давраи омӯзишӣ тахти раёсати директори Барномаи СЕНТКОМ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷаноби Рэнди Окман гузашт ва ба сездаҳ хатмкунандаи давраи омӯзишӣ шаҳодатнома тақдим шуд.

 Дар поёни курси омӯзишӣ афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ донишу малакаи амиқро оид ба амалиётҳои мухталифи сохтани шабака ва истифодаи дастгоҳи мухобиравӣ аз худ карданд. Давраи омӯзишии мазкур қобилияти онҳоро ҷиҳати қабулу фиристодани ахборот тавассути дастгоҳи мухобиравие, ки аз ҷониби Барномаи СЕНТКОМ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба наздикӣ тақдим шудааст, сифатан баланд бардошт. Инчунин иштирокчиён тарзи дурусти истифодаи сохти гуногуни антеннаро ҷиҳати таъмини қабули мукаммали ахборот омӯхтанд.

Ин аввалин давраи омӯзишӣ аз силсилаи барномаҳои омӯзишии марбут барои мақомоти гуногуни амнияти Тоҷикистон буда, истифода аз дастгоҳи мухобиравии тақдимшуда иқтидори онҳоро ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳои байниидоравӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳадҳои Тоҷикистон афзоиш хоҳад кард. Омӯзиши мазкур ба мавзӯъҳо оид ба доираи басомади радио, гузаштани мавҷи радио ва ба нақша гирифтани алоқаю фиристодани гузориш тамаркуз шудааст. Бар замми он ҳангоми машғулиятҳои амалӣ иштирокчиён вазифаи сохтани антеннаро, ки дар муҳиту баландии гуногун кор хоҳад кард, иҷро карданд.

 Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади дастгирии рушди иқтисодӣ, мусоидат ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва бехатарии Тоҷикистон ҷудо намудааст. Сафорати ИМА густариши ҳамкориро миёни мақомоти Амрико ва Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани таҷҳизоти муосир, омӯзиш ва беҳтар намудани зерсохтор барои ноил шудан ба ҳадафҳои амниятии муштарак ҷонибдорӣ менамояд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.