Таъмири қитъаҳои осебдидаи нақби «Шаҳристон» идома дорад

Заминҷунбиҳои ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ ба осеб дидани қитъаи қариб 14-метраи нақби Шаҳристон боис гардиданд. Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии қитъаҳои осебидаи нақб бар асари заминларза идома доранд. Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ зикр карданд, ки дар ин қитъа қисман бетон фурӯ рафта, аммо […]



Заминҷунбиҳои ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ ба осеб дидани қитъаи қариб 14-метраи нақби Шаҳристон боис гардиданд.

Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии қитъаҳои осебидаи нақб бар асари заминларза идома доранд.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ зикр карданд, ки дар ин қитъа қисман бетон фурӯ рафта, аммо сохтори бардорандаи оҳану бетонӣ зарар надидааст.

«Ҳозир корҳои бетонрезӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, ҳаракати нақлиёт тариқи нақб шабона сурат мегирад. Рӯзона автомашинаҳо тавассути накби ҳавогузар ҳаракат мекунанд», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозии қитъаҳои аз заминларза осебдидаи нақб ояндаи наздик дар назар аст.

Лозим ба зикр аст, ки нақби «Шаҳристон» бо масофаи беш аз 5,2 километр моҳи октябри соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин иншоотро ширкатиChuna Road-и Чин бунёд карда, арзиши лоиҳа 430 млн. сомониро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.