Муаррифии имконоти сайёҳии «Сафеддара» дар Маскав

Дар доираи 11-умин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии  “Интурмаркет 2016” (19-22 март) дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо ташаббуси ширкати “Экспотур” ҶДММ “Сафеддара” имкониятҳои  сайёҳӣ ва хизматрасониҳои хешро муаррифӣ сохт.  “Интурмаркет” ягона муаррификунандаи ширкатҳои сайёҳии Русия ва кишварҳои наздик ба он  аз қабили Испания, Египет, Марокко, Булғория,  Хитой ва аксари кишварҳои пасошуравӣ маҳсуб меёбад. Имсол бори аввал […]

Иттилоияи расмӣ



Дар доираи 11-умин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии  “Интурмаркет 2016” (19-22 март) дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо ташаббуси ширкати “Экспотур” ҶДММ “Сафеддара” имкониятҳои  сайёҳӣ ва хизматрасониҳои хешро муаррифӣ сохт. 

“Интурмаркет” ягона муаррификунандаи ширкатҳои сайёҳии Русия ва кишварҳои наздик ба он  аз қабили Испания, Египет, Марокко, Булғория,  Хитой ва аксари кишварҳои пасошуравӣ маҳсуб меёбад. Имсол бори аввал дар таърихи мавҷудияташ ва он ҳам  баъди бозсозиву барқарор шудани минтақаи истироҳативу варзишӣ ва сайёҳӣ, Сафеддара дар қатори дигар ширкатҳои сайёҳӣ ба ин намоишгоҳ даъват гардид.

Нисбат ба дигар ширкатҳои сайёҳӣ, ки хориҷиёнро ба сайёҳати доманакӯҳҳо ва дигар мавзеъҳои зебои Тоҷикистон сафарбар мекунанд, ширкати Сафеддара аз он ҷиҳат дар маркази  таваҷҷуҳи сайёҳон  қарор гирифт, ки дар баробари дар баландии  кӯҳҳо ҷойгир шуданаш, шароити ҳамаҷиҳатаи зисту зиндагониро аз қабили меҳмонхона, тарабхона, маркази шабонаи дилхушкунӣ, ҷиҳози варзишиву дигар анвои истироҳатро дорост.

“Сафеддара” ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои истироҳат мераванд. Маҷмааи мазкур ҳанӯз дар даҳаи 70-уми асри гузашта дар замони собиқ Шӯравӣ бунёд шуда, дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст.

Иқлиму мавқеъи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Тагоби Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷой то моҳи май об нашавад. То охирҳои соли 2015 ин минтақа дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буд ва аҳволи на он қадар хуб дошт. Барои ҳамин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол базаи “Сафедорак”-ро барои эҳё ва бозсозии дубора ба  ихтиёри ширкати “Сафеддара”  супорид.

Ин ширкат саъй дорад, ки  давоми 5 соли оянда ба ин база 45 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда, 120 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад ва онро ба беҳтарин минтақаи сайёҳӣ ва варзишии зимистона табдил диҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.