Қадрдонии толибилмони дорои медалҳои тиллову нуқраи мактабҳои пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ кардани толибимони мактабҳои пойтахт, ки таҳсилро бо медалҳои тиллову нуқра хатм кардаанд, қарор ба имзо расонид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои бо ин мукофот қадрдонӣ кардани толибилмон аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт 8,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ кардани толибимони мактабҳои пойтахт, ки таҳсилро бо медалҳои тиллову нуқра хатм кардаанд, қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, барои бо ин мукофот қадрдонӣ кардани толибилмон аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт 8,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Панҷ нафар толибилмони мактабро бо медали тилло хатмкарда ҳар кадоме бо 1 ҳазор сомонӣ ва боз ҳамин миқдор хонандагони мактабро бо медали нуқра хатмкарда ҳар кадоме бо 700 сомонӣ мукофтпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Қобили зикр аст, ки аз 10 нафар толибилмони макотиби пойтахт, ки таҳсилро бо медалҳо хатм кардаанд, 9 нафарашон духтарон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, хонандагони зерин имсол мактабҳоро бо медали тилло хатм мекунанд: Хиромон Розиқова, гимназияи №53; Фарангис Раҳимова, гимназияи №74; Азиза Алиева, гимназияи №74; Парвина Шарипова, мактаби таҳсилоти умумии №1 ва Рухмина Муллоева, литсейи №55.

Инҳо соҳиби медалҳои нуқра мешаванд: Нодирабегим Муллоҷонова, литсейи №1; Мадина Файзуллоева, гимназияи №2; Чаманоро Ҷонибекова, мактаби таҳсилоти умумии №54; Шаҳром Каромов, мактаби таҳсилоти умумии №56 ва Робия Каримова гимназияи исломии пойтахт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.