Озмуни беҳтарин лоиҳаи рамзи «Истиқлол»-и шаҳрдории пойтахт

Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе барои таҳияи беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он озмуни кушод эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе,  озмуни аз 23 май то 23 июл идома ёфта, дар он шахсони ҳуқуқӣ ва хусусии […]

ASIA-Plus



Ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе барои таҳияи беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар Боғи фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо» бо азнавсозии он

озмуни кушод

эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе,  озмуни аз 23 май то 23 июл идома ёфта, дар он шахсони ҳуқуқӣ ва хусусии ватаниву хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Аз ин озмун санаи 30 июл натиҷагирӣ мешавад.

Ғолиби озмун дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад. Мақомоти шаҳрдорӣ аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар таҳияи лоиҳа ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳакашони ватанию хориҷӣ мусоидат намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур кӯчонида шудани бозорҳои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-и пойтахт пешбинӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.