Ду афсар ва як сарбоз дар марги сарҳадбон гунаҳкор дониста шуданд

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои даст доштан дар марги сарбози марзбон Фаррухҷон Ҳайталиеви 21-сола ду афсари қисми низомии 2874-и Қушӯрҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон,фармондеҳи постгоҳи қисми низомии мазкур капитан Сӯфӣ Сӯфиев ва муовинаш лейтенант Бобурҷон Ортуқовро барои суистифода аз мансаби хизматӣ ҳар кадомеро ба 4 соли зиндон маҳкум кард . Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз […]



Суди ҳарбии гарнизони Душанбе барои даст доштан дар марги сарбози марзбон Фаррухҷон Ҳайталиеви 21-сола ду афсари қисми низомии 2874-и Қушӯрҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон,фармондеҳи постгоҳи қисми низомии мазкур капитан Сӯфӣ Сӯфиев ва муовинаш лейтенант Бобурҷон Ортуқовро барои суистифода аз мансаби хизматӣ ҳар кадомеро ба 4 соли зиндон маҳкум кард

.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, сарбози ҳамин қисми низомӣ Алихон Тӯйчиев барои риоя накардани меъёрҳои оиномавӣ ва дидавудониста зарарҳои вазнини ҷисмонӣ расонидан ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст.

Волидони Фаррухҷон бар ин назаранд, ки писарашон ахири моҳи январи соли равон бар асари лату кӯб аз ҷониби ҳамхизматҳояш фавтидааст. Раҷабалӣ Хайталиев, падари сарбози ҳалокшуда гуфтааст, то анҷоми муҳлати хизмати Фаррухҷон ҳамагӣ 8 моҳи дигар боқӣ монда будааст.

«Вақте ҷасади Фаррухҷонро ба хона оварданд, мо осори лату кӯбро дидем. Баъд аз ин дигар касе назди мо наомада, ҳатто ҳамдардӣ изҳор накарданд», – гуфтааст ӯ.

Наздиконаш изҳор доштаанд, ки Фаррухҷон ихтиёрӣ ба хизмат рафта, ин гуна фоҷеабор сурат гирифтани воқеъаро интизорӣ надоштаанд.

Фаррухҷон Ҳайталиев зодаи деҳаи Шӯрқули ҷамоати ба номи Саймуддин Раҳимови ноҳияи Темурмалик аст. Ӯ фарзанди калонии оила ва 21 сол дошт.

Абдураҳим Каримов, фармондеҳи қисми низомии 2847, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар

суҳбат

бо Радиои Озодӣ маълумоти бо марги маҷбурӣ ҳалок шудани Фаррухҷон Ҳайталиевро рад кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин қисми низомӣ муносибатҳои ғайриоинномавӣ вуҷуд надоштааст.

«Албатта, волидоннаш шикоят мекунанд, вале ман ҳаминро гуфтаниам, ки Фаррухҷон қурбонии «меҳтарсолорӣ» (дедовшина) нест», – иброз доштааст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.