Раҳмон Озода Эмомалӣ вакили Маҷлиси миллӣ интихоб шуд

Рӯзи якшанбе, 29 май дар Душанбе иҷлосияи муштараки Маҷлисҳои вакилони халқи пойтахт ва ноҳияҳои шаҳр доир гардида, дар он масъалаи ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шудани роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ баррасӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, дар иҷлосия аз 217 вакилони […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи якшанбе, 29 май дар Душанбе иҷлосияи муштараки Маҷлисҳои вакилони халқи пойтахт ва ноҳияҳои шаҳр доир гардида, дар он масъалаи ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон

интихоб шудани

роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, дар иҷлосия аз 217 вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва маҷлиси ноҳияҳо 201 нафар вакилон иштирок карданд. Ҳамаи вакилони дар иҷлосия ҳузурдошта ба ҷонибдории интихоби Раҳмон Озода Эмомалӣ ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ овоз додаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори иҷлосия ҳамчунин раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрззода низ иштирок кардааст.

Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 14 апрел доир гардида буд, Раҳмон Озода Эмомалӣ якдилона ва бидуни алтернатива номзад ба аъзогӣ дар палатаи болоии парлумон пешбарӣ шуда, комиссияи интихоботии шаҳр ӯро ба сифати номзади ягона ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ ба қайд гирифт.

Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ШМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.

Солҳои 2005-2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2009-2014 ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2015 ба ҳайси муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор дорад.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар қиёс бо Маҷлиси намояндагон аъзои Маҷлиси миллӣ (палатаи болоии парлумон) тариқи раъйдиҳии мустақим интихоб намешаванд. 25 нафар аз 33 аъзои Маҷлиси миллӣ таваасути раъйдиҳии пинҳонӣ дар ҷаласаҳои муштараки вакилон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии ин вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва ноҳияҳои тобеи марказ интихоб мешаванд. Боқимонда 8 нафар аъзои дигарро президенти кишвар таъин мекунад. Президенти аввалини Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов дар Маҷлиси миллӣ мақоми узви якумриро дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.