Гуштигири тоҷик Ҳамроз Раҷабов қаҳрамони Осиё оид ба самбо

Гуштигири тоҷик Ҳамроз Раҷабов ба дарёфти медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки рӯзҳои 27-29 май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод баргузор шуд, ноил гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон, Ҳамроз Раҷабов, ки дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ миёни мардон бар гуштигири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз […]



Гуштигири тоҷик Ҳамроз Раҷабов ба дарёфти медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки рӯзҳои 27-29 май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод баргузор шуд, ноил гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон, Ҳамроз Раҷабов, ки дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ миёни мардон бар гуштигири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст, ки ин аввалин ғалабаааш дар мусобиқоти бузурги самбо миёни бузургсолон аст.

Гуфта мешавад, гуштигири пуртаҷрибаи тоҷик Дилбар Султоновадар сабқати занон дар вазни то 72 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Мирзошариф Исматов дар сабқати навҷавонон дар вазни то 74 кило ба дастаи Тоҷикистон медали биринҷӣ овард. Нозила Каримова дар сабқати духтарон дар вазни то 56 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.Ду медали дигари биринҷиро ба дастаи Тоҷикистон дар сабқати наврасон дар вазни то 75 кило Садам Каримов ва Ишон Амонов оварданд.

Қобили зикр аст, ки мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоев, ноиби президенти Иттиҳоди самбои Осиё ва раиси комиссиюни доварони қора, сардовари ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ аст.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ҳудуди 400 нафар варзишгарон аз 17 кишвар ширкат варзиданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.