Иҷозати адои намози таровеҳ дар хонаҳо

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷану маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон барои баргузор намудани намози таровеҳ дар хонаҳо иҷозат дод. Дар ҳамин ҳол, дар хонаҳо барои баргузор намудани он то 10 нафар, аз ҷумла шахсони бемор ё калонсол, ки барои ба масҷид рафтан имкон надоранд, ҷамъ шуда метавонанд. Сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии […]



Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷану маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон барои баргузор намудани намози таровеҳ дар хонаҳо иҷозат дод. Дар ҳамин ҳол, дар хонаҳо барои баргузор намудани он то 10 нафар, аз ҷумла шахсони бемор ё калонсол, ки барои ба масҷид рафтан имкон надоранд, ҷамъ шуда метавонанд.

Сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иҷозати шифоҳист, ки бо дархости ибодаткунандагон оид ба шикояташон дар масъалаи масофаи дури ҷойгиршавии масҷидҳо, ки беморон ва шахсони калонсол барои ин масофаро тай каран душворӣ мекашанд, сурат гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бинобар сабаби мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои расмӣ, фаъолияти беш аз ҳазор масҷидҳо қатъ карда шуда, баъзе деҳаҳо умуман аз масҷид маҳрум шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои уламои Макарзи исломии Тоҷикистон бо қарори худ муқаррар намуд, ки намози таровеҳ бояд дар муддати як соат хонда шавад. Кумита аз имомхатибон даъват кард, ки мутобиқи ҳамин қарор амал намоянд.

Намози таровеҳ танҳо дар моҳи рамазон хонда шуда, пас аз намози шом ва қабл аз намози витр адо мегардад. Номи он аз калимаи «тарвиҳа» гирифта шудааст, ки маънояш истироҳат, танаффус мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.