Форуми навбатии «Помир Инвест-2016» дар Хоруғ

Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ рӯзҳои 23-24 август форуми навбатии «Помир Инвест-2016» доир мегардад. Тавре аз Ассотсиатсияи соҳибкорони «Милал Интер хабар доданд, чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон Барномаи баргузор намудани форумро тасдиқ кардааст. «Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба истифодаи имконот ва ҳаллу фасли мушкилоти […]

Шонаврӯз Афзалшоев



Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ рӯзҳои 23-24 август форуми навбатии «Помир Инвест-2016» доир мегардад.

Тавре аз Ассотсиатсияи соҳибкорони «Милал Интер хабар доданд, чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон Барномаи баргузор намудани форумро тасдиқ кардааст.

«Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба истифодаи имконот ва ҳаллу фасли мушкилоти ВМКБ дар бахшҳои истеҳсолот ва рушди зербинои сайёҳии минтақа аст», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, то 4 август аз соҳибкорони ВМКБ ба унвони кумитаи тадорукоти Форум ҳудуди 70 лоиҳаҳои тиҷоратӣ оид ба роҳандозӣ ва рушди истеҳсолот дар бахшҳои гуногуни иқтисоди вилоят ворид шудааст.

Дар кори Форум иштироки намояндагони сафоратхонаҳои як қатор давлатҳо, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, донорҳо, соҳибкорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар назар аст.

Созмондиҳандагони форум Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, мақомоти  маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Ассотсиатсияи соҳибкорони «Милал Интер» мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.