Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо муовини котиби давлатии ИМА

Дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Вашингтон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии С5+1 рӯзи 4 август мулоқоти ӯ бо муовини котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷониба ва инчунин натиҷаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии сиғаи С5+1 […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Вашингтон ҷиҳати иштирок дар

ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии С5+1

рӯзи 4 август мулоқоти ӯ бо муовини котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷониба ва инчунин натиҷаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии сиғаи С5+1 мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо натиҷаи мулоқоти вазирони С5+1-ро дар Вашингтон мусбат арзёбӣ намуданд ва аҳамияти баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва муҳити зистро дар ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Ҳамин рӯз Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ниша Бисвал низ дитдуору гуфтушунида карда, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.