БАТР воситаҳои дастгирии бахши бонкии Тоҷикистонро баррасӣ дорад

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар ҳамдастӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тарзу воситаҳои дастгирии талошҳоеро, ки ба таҳкими бахши бонкии Тоҷикистон нигаронида шудаанду айни замон ба мушкилӣ дучоранд, мавриди баррасӣ қарор додааст. Бо анҷоми арзёбии вазъи молии бонкҳои бузургтарини низомсози кишвар, БАТР дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баҳри мусоидат ба […]

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар ҳамдастӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тарзу воситаҳои дастгирии талошҳоеро, ки ба таҳкими бахши бонкии Тоҷикистон нигаронида шудаанду айни замон ба мушкилӣ дучоранд, мавриди баррасӣ қарор додааст.

Бо анҷоми арзёбии вазъи молии бонкҳои бузургтарини низомсози кишвар, БАТР дар ҳамкорӣ бо Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ баҳри мусоидат ба эҳёву барқарор намудани соҳаи бонкӣ, аз ҷумла таҳкими низоми идоракунии бонкҳо, барномаи маҷмӯавии ҳамкории техникиро таҳия месозанд.

Дар доираи дастгирии имконпазир аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии молӣ БАТР имкони пешниҳоди қарз ба Тоҷикистон ба маблағи то 100 млн. доллари ИМА барои роҳандозии ислоҳот дар бахши бонкӣ ва азнавсозии онро баррасӣ мекунад, ки он ба мавҷуд будани «харитаи роҳи ислоҳот»-и бахш вобаста аст.

Ба гуфтаи Наталя Ханженкова, директори идоракунандаи БАТР дар Туркия ва Осиёи Миёна: «Дар БАТР мо бар ин назарем, ки мушкилоти ҷорӣ дар бахши молии Тоҷикистон метавонанд як омили таҳрикдиҳандае бошанд, ки барои роҳандозии ислоҳоти зарурӣ ва андешидани тадбирҳо баҳри таъмини таҳкими бахш барои дурнамои дарозмуҳлат мусоидат карда тавонанд».

Қобили зикр аст, ки БАТР яке аз сармоягузори пешсаф дар Тоҷикистон буда, айни замон маблағгузории беш аз 100 лоиҳа дар кишварро ба маблағи умумиии зиёда аз 606 млн. евро ба уҳда дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.