Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Сафари ҳайати Давлати Кувайт таҳти роҳбарии Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардустӣ доктор Абдуллоҳ ал-Маътуқ шурӯъ мешавад; – Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси СММ конфронси матбуотӣ доир мегардад; – Дар Душанбе Хонишҳои Пушкин (Романи «Евгений Онегин»-ро мутолиа […]

Asia-Plus

АНОНС

– Сафари ҳайати Давлати Кувайт таҳти роҳбарии Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардустӣ доктор Абдуллоҳ ал-Маътуқ шурӯъ мешавад;

– Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси СММ конфронси матбуотӣ доир мегардад;

– Дар Душанбе Хонишҳои Пушкин (Романи «Евгений Онегин»-ро мутолиа мекунем) баргузор мешавад. Оғоз соати 14:00 дар Театри давлатии лӯхтак.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8759 сомонӣ;

1 евро – 8.5753 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1226 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид

1945 — Оиннномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки санаи 26-уми июн ба имзо расида буд, мавриди амал қарор гирифт.

2008 — Дар Тоҷикистон форуми III-юми «Русия – Тоҷикисон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор шуд.

2012 — Суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» ҳалнома содир намуд.

1914-1989 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

1957 – Мавлуди бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

1973 – Зодрӯзи раққоса Дилором Сатторова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7 рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +1+6, рӯзона +11+16; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +18+20.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда,бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +10+12.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.