Эҳтимоли афзоиши хароҷоти буҷет барои фаъолияти мақомоти давлатӣ

Вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки қисмати хароҷоти буҷети давлатии соли 2017 ба миқдори қариб 1 млрд. 270 млн. сомонӣ (беш аз 160 млн. доллари ИМА) зиёд карда шавад. Аз ҷумла, Вазорати молия хоҳони 80 млн. сомонӣ афзудани ҳаҷми маблfғгузорӣ ба мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ мебошад. Вазорати молия пешниҳод намудааст, ки дар лоиҳаи буҷети соли […]

Asia-Plus

Вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки қисмати хароҷоти буҷети давлатии соли 2017 ба миқдори қариб 1 млрд. 270 млн. сомонӣ (беш аз 160 млн. доллари ИМА) зиёд карда шавад. Аз ҷумла, Вазорати молия хоҳони 80 млн. сомонӣ афзудани ҳаҷми маблfғгузорӣ ба мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ мебошад.

Вазорати молия пешниҳод намудааст, ки дар лоиҳаи буҷети соли 2017, ки айни замон мавриди баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, қисмати хароҷот дар ҳаҷми 19 млрд. 863 млн. сомонӣ муқаррар карда шавад.

Қобили зикр аст, ки қисмати хароҷоти буҷети давлатии соли равон нахуст дар ҳаҷми 18 млрд. 595 млн. сомонӣ муқаррар шуда, вале баъдан бинобар сабаби пайдо шудани «падидаҳои буҳронӣ», ҳукумати кишвар маҷбур шуд, ки нишондиҳандаҳои он дар қисмати хароҷотро  бозбинӣ намояд.

Тобистони соли равон вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён изҳор дошта буд, ки бо назардошти пурзӯр шудани таъсири буҳрони иқтисодӣ тасмим гирифта шудааст, ки ҳаҷми қисмати хароҷоти буҷет 450 млн. сомонӣ камтар мешавад.

«Ин асосан ба даст кашидан аз хароҷоти дуюмдараҷа – харидории автомашинаҳои хизмативу мебел барои вазорату идораҳои давлатӣ, таъмири биноҳои давлатӣ ва ғайра дахл дошта, барои анҷоми ин корҳо 200 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд. Маблағи боқимонда воситаҳои захиравии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат мебошанд», – қайд карда буд вазир.

Қисмати даромади буҷет барои соли оянда дар ҳаҷми 14 млрд. 705 млн. сомонӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2016 ба миқдори 766 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Касри буҷет барои соли 2017 дар сатҳи 0,5% аз ҳаҷми умумии ММД – ба маблағи 295 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Интизорӣ меравад, ки лоиҳаи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017-ро ахири ҳамин ҳафта ҳукумат барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод мекунад.

Мебояд гуфт, камбуди буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон зиёда аз 335 млн. сомонӣ (беш аз 42 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 12 млрд. 567,8 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 97,4%-ро ташкил медиҳад.

Маъмулан ҳудуди 65% аз ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатиро маблағҳо аз пардохти андоз ташкил дода, ҳиссаи даромадҳои ғайриандозӣ то 10% мерасад ва ҳаҷми боқимонда ба даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, даромад аз сармоя ва ғайра рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.