Таъкиди зарурати таҳкими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон бахри таҳкими амният

Нимаи дуюми рӯзи 24 октябр дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятӣ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо ба таври муфассал […]

Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 24 октябр дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимовро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатӣ ва байни ниҳодҳои амниятӣ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба иштироки муштарак дар таъмини амнияту субот дар қаламрави Тоҷикистону Қазоқистон ва минтақа, инчунин тақвияти иқтидору имкониятҳои нерӯҳои марзбонӣ табодули афкор намуданд.

Доир ба ҳамдастии муштарак дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимати густурда ба муқобили гурӯҳои муташаккили ҷиноӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуда зарурати таҳкими равобити дуҷониба барои таъмини сартосарии амнияти миллӣ ва густариши ҳамкории байни хадамотҳои махсуси амниятии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.