Энергетикҳо то ҳол сабабҳои қатъи сартосарии барқро таҳқиқ доранд

Комиссияи махсусе, ки ба муайян кардани сабабҳои садама дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ рӯзи 28 октябр машғул аст, корашро дар муҳлати ваъдашудаи ду ҳафта ба охир нарасонид ва энергетикҳо мегӯянд, инро сабаб он аст, ки онҳо ба вохӯриҳо бо ҳамтоҳои худ аз Эрон саргарм будаанд. «Комиссияе, ки рӯзи дигари пас аз садама дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Комиссияи махсусе, ки ба муайян кардани сабабҳои садама дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ рӯзи 28 октябр машғул аст, корашро дар муҳлати ваъдашудаи ду ҳафта ба охир нарасонид ва энергетикҳо мегӯянд, инро сабаб он аст, ки онҳо ба вохӯриҳо бо ҳамтоҳои худ аз Эрон саргарм будаанд.

«Комиссияе, ки рӯзи дигари пас аз садама дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ таъсис ёфта буд, ба кори худ идома медиҳад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши энергетикаи ҳукумати Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сабаби кашолёбии кори комиссия дар он аст, ки роҳбарони бахши энергетикаи ҷумҳурӣ дар ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон, ки нимаи ҳамин ҳафта дар Теҳрон доир гардид, иштирок доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ итминон дод, ки натиҷаҳои таҳқиқи комиссияи махсус оид ба муайян кардани сабабҳои садама дар нерӯгоҳи Норак, ки аксари қаламрави кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад, муддати се-чор рӯзи наздик пешкаши ҳамагон мегардад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 октябр қариб тамоми ҷумҳурӣ бе нерӯи барқ монда буд. Қаблан аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дода буданд, ки ин ҳолати ғайримунтазира дар Тоҷикистон бинобар сабаби бозистии агрегатҳои нерӯгоҳи Норак ба иллати носозиҳо дар низоми энергетикии кишвар ва таври автоматӣ ба кор даромадани низоми зиддисадамавӣ ба вуҷуд омад.

«Бо ин сабаб соати 18:29 дақиқаи рӯзи 28 октябр қариб ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли барқ қатъ шуд. Танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барқ таъмин буд», – гуфта буд ба «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи бонавбат дубора ба кор даровардани агрегатҳои нерӯгоҳ ва таъмини кори хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, марҳила ба марҳила интиқоли барқ барқарор карда шуд.

«Шоми ҳамон рӯз раиси ширкат Мирзо Исмоилзода тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ин вазъро шарҳ дода, барои рӯйи кор омадани чунин ҳолати ногувор аз аҳолӣ маъзарат хост», – иттилоъ дод Ёдгорӣ.

Қобили зикр аст, ки пештар ҳам дар нерӯгоҳи Норак садамаҳо рух дода буданд. Моҳи ноябри соли 2009 бар асари чунин як садама дар нерӯгоҳи Норак ҳудуди 70 фоизи қаламрави Тоҷикистон бе барқ монда буд.

Тибқи арзёбии мутахассисон, менависад «Фергана», ҳолатҳои ғайримунтазира дар нерӯгоҳҳои барқие, ки ҳанӯз замони шӯравӣ сари салтанат будани Брежнев ба истифода дода шудаанд, дар натиҷаи сарф шудани захираҳои боэътимодии кори он рух медиҳанд.

Нерӯгоҳи барқи обии Норак дар 90-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ҷойгир шуда, соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва агрегати охиринаш соли 1979 ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон аз 1 ноябр реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ (лимит) ҷорӣ шуд. Дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор мекунанд, ки лимит ба хотири сарфаи оби обанбори Норак мавриди амал қарор гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.