Дидору гуфтушуниди Барак Обама бо Доналд Трамп

Президенти амалкунандаи ИМА Барак Обама ва президенти тозаинтихоби ин кишвар Доналд Трамп дидору гуфтушунид карданд. Трамп ҳамроҳи оилааш бо ҳавопаймоии шахсии худ бо навиштаҷоти ному насабаш ба Вашингтон омада, бидуни дидор бо журналистон ба Кохи сафед ворид шуд. Вохӯрӣ муддати якуним соат идома ёфт, ҳарчанд рӯзноманигорон интизорӣ доштанд, ки он пештар ба итмом мерасад. Обама […]

Asia-Plus

Президенти амалкунандаи ИМА Барак Обама ва президенти тозаинтихоби ин кишвар Доналд Трамп дидору гуфтушунид карданд.

Трамп ҳамроҳи оилааш бо ҳавопаймоии шахсии худ бо навиштаҷоти ному насабаш ба Вашингтон омада, бидуни дидор бо журналистон ба Кохи сафед ворид шуд.

Вохӯрӣ муддати якуним соат идома ёфт, ҳарчанд рӯзноманигорон интизорӣ доштанд, ки он пештар ба итмом мерасад. Обама вохӯриро «гуфтугӯи олиҷаноб» номида, изҳор доштааст, ки онҳо сиёсати дохилӣ ва хориҷиро баррасӣ намудаанд.

Доналд Трамп дар навбати худ эҳтироми худ ба президенти амалкунандаро изҳор намуда, қайд кардааст, ки «мо ҳеҷ гоҳ бо ҳам вонахӯрда будем ва ин вохӯрӣ бояд 10 дақиқа давом мекард, вале мо якуним соат гуфтугӯ карлдем ва аз ин ҳам бештар метавонистем суҳбат бикунем». «Ман доир ба ҳамкорӣ бо президент дар оянда, аз ҷумла ба сифати мушовир фикр дорам», – гуфтааст Трамп.

Трамп журналистонро ҳамроҳи худ ба вохӯрӣ даъват накарда, онро танҳо рӯзноманигорони бахши матбуоти Барак Обама инъикос кардаанд. АР дар ин робита менависад, бо ин амал Трамп анъанаи чандинсоларо риоя накард, ки тибқи он журналистон дарҳол президенти тозаинтихобро дар сафару боздидҳояш ҳамроҳӣ мекарданд.

Бино ба маълумоти The Wall Street Journal, дар ин вохӯрӣ маросими аксбардории Барак Обама бо Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ низ сурат нагирифт. Маъмулан чунин аксбардорӣ ҳангоми боздиди нахусти президенти интихобшуда ба Кохи Сафед анҷом дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Доналд Трамп чандин маротиба Барак Обамаро мавриди интиқод қарор дода, ӯро ба бесалоҳиятӣ айбдор мекард. Демократ Обама, ки аз Ҳилларӣ Клинтон ҷонибдорӣ мекард, низ бо намояндаи ҷумҳурихоҳон чунин муносибат дошт.

Барак Обама изҳор намуд, ки бидуни мамониат ба ихтиёри маъмурияти Трамп гузаштани ҳокимиятро таъмин мекунад, зеро «акнун мо ҳама ҷонибдорӣ комёбиҳои ӯ дар муттаҳид кардани кишвар ҳастем».

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботи президенти ИМА, ки санаи 8 ноябр доир гардид, номзад ба мансаби раисҷумҳури ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд. Доналд Трамп президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Трамп моҳи январи соли 2017 бевосита ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.