Дар ҳамлаи толибон ба Мазори Шариф сафири Афғонистон дар Тоҷикистон осеб надидааст

Дар ҳамлаи толибон ба Мазори Шариф сафири ҳозираи Афғонистон дар Тоҷикистон осеб надидааст, вале ба эҳтимоли васоити ахбори умум, дар ин ҳамла шояд дипломате захмӣ шуда бошад, ки сафири тозтаъини Тоҷикистон аст. « Сафири кунунии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзу айни замон дар Душанбе буда, маълумот доир ба гӯё осеб дидани ӯ дар пайи ҳамла […]

Asia-Plus

Дар ҳамлаи толибон ба Мазори Шариф сафири ҳозираи Афғонистон дар Тоҷикистон осеб надидааст, вале ба эҳтимоли васоити ахбори умум, дар ин ҳамла шояд дипломате захмӣ шуда бошад, ки сафири тозтаъини Тоҷикистон аст.

« Сафири кунунии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзу айни замон дар Душанбе буда, маълумот доир ба гӯё осеб дидани ӯ дар пайи ҳамла ба консулгарии генералии  Олмон дар Мазори Шариф асоси воқеӣ надорад», – хабар доданд имрӯз ба «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе.

Қаблан РИА Новости бо истинод ба хабаргузории афғонии «Пажвок» иттилоъ дод, ки ҳангоми ҳамла ба консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон сафири Афғонистон дар Тоҷикистон осеб дидааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдуғафур Орзу то охири моҳи ноябр ба намояндагии дипломатии Афғонистон дар Тоҷикистон роҳбарӣ хоҳад кард. «Эҳтимол ҳангоми таркиш дар Мазори Шариф дипломат Муҳаммадгул Зулмай Юнусӣ, ки баъди як моҳ Абдулғафур Орзуро иваз мекунад, осеб дида бошад», – менависад хабаргузории «Озодагон».

Шаби гузашта ҳангоми ҳамлаи толибон ба консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон автомашинаи боркаши ҳомили маводи тарканда девори бинои консулгариро рахна карда, метаркад ва сипас афроди ниқобпӯш ба қаламрави он ворид шудаанд.

Дар дохили бини инииҷори дуюм рух дода, сӯхтор сар мезанад. Тибқи маълумоти ахир, бар асари ин ҳамла ҳадди ақал 4 нафар ҳалок ва беш аз 120 нафар захмӣ шудаанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. Дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон изҳор доштаанд, ки миёни осебдидагон кормандони онҳо ҳузур надоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.