Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи Пешвои миллатро ба имзо расонид

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати […]

Asia-Plus

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳ урии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, вазъи ҳуқуқӣ, салоҳият ва дигар самтҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонунҳои конститутсионӣ муайян мекунанд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин тағйиру иловаҳо бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»- ро дар таҳрири нав қабул карда, 8 ноябри соли 2016 онро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ намуд.

Қонуни мазкур аз муқаддима ва 19 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати босамар амалӣ намудани салоҳиятҳои Конститутсионии худ қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.