Нигаронии Мирзиёев аз мушкилоти мардумро нодида гирифтани мақомоти давлатӣ

Дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ӯзбекистон президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки дар фурсати наздиктарин дар ҷумҳурӣ Консепсияи ислоҳоти маъмурӣ барои солҳои 2017-2021 қабул мешавад, ки ба такмили низоми идоракунии давлатӣ нигаронда мешавад. Бино ба маълумоти Sputnik Ӯзбекистон, раҳбари кишвари ҳамсоя гуфтааст, дар ин санад оид ба беҳбуди фаъолияти […]

Asia-Plus

Дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ӯзбекистон президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки дар фурсати наздиктарин дар ҷумҳурӣ Консепсияи ислоҳоти маъмурӣ барои солҳои 2017-2021 қабул мешавад, ки ба такмили низоми идоракунии давлатӣ нигаронда мешавад.

Бино ба маълумоти Sputnik Ӯзбекистон, раҳбари кишвари ҳамсоя гуфтааст, дар ин санад оид ба беҳбуди фаъолияти сохтор ва ниҳодҳои идоракунии давлатӣ, кам кардани нақши давлат дар идоракунии иқтисод, коҳиши шумори идораву мансабҳои такроршаванда, такмили кори дастгоҳи президент ва дастгоҳи иҷроияи ҳукумат, таъмини амалисозии пурсамари қонуну қарор ва санадҳои қабулшуда, бунёди низоми самараноки ислоҳоти ниҳоди хизмати давлатӣ,  ба хизмати давлати ҷалб кардани хизматчиёни соҳибтаҷриба ва содиқ ба ватан ва ғайра тадбирҳо андешида шуда, он дар қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» дарҷ меёбад.

Ба гуфтаи Мирзиёев, аз 25 сентябр дар шабакаи интернет қабулгоҳи виртуалии нахуствазири кишвар боз шуда, то ин давра ба он беш аз 218 ҳазор дархосту пешниҳод ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид шудаанд, ки қариб 59% аз масоили дар онҳо зикршуда ҳаллу фасл ва 41%-ашон мавриди баррасӣ қарор доранд.

«Саволе ба миён меояд: чаро мақомоту идора ва роҳбарон дар маҳалҳо саривақт ба ҳалли ин мушкилот расидагӣ карда натавонистанд? Охир дар кишвари мо қонуни ҷудогона «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» амал мекунад. Мутаассифона, назорати иҷрои ин қонун ба ҳоли худ гузошта шудааст», – иброз доштааст ӯ.

Сарвари давлати ҳамсоякишвар таъкид доштааст, ки роҳбарон ва мансабдоронеро, ки талаботҳои ин қонунро иҷро намекунанд, натанҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардан лозим аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.