Хуҷандро чор арчаи солинавӣ оро медиҳанд

Имсол дар ҷашни Соли нав маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷандро чор арчаи солинавӣ оро медиҳанд. Арчаи калонтарини солинавӣ дар майдони марказии шаҳр қомат меафрозад. Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи Соли нави 2017 омодагӣ мегиранд. Дар майдони марказии «Ситораҳои Хуҷанд» корҳои гузоштани арчаи бузургтарини солинавӣ ҷараён доранд. Тавре аз Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Имсол дар ҷашни Соли нав маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷандро чор арчаи солинавӣ оро медиҳанд. Арчаи калонтарини солинавӣ дар майдони марказии шаҳр қомат меафрозад.

Дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи Соли нави 2017 омодагӣ мегиранд. Дар майдони марказии «Ситораҳои Хуҷанд» корҳои гузоштани арчаи бузургтарини солинавӣ ҷараён доранд.

Тавре аз Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр хабар доданд, баландии арчаи солинавӣ 16 метр буда, он бо наздики 500 адад бозичаву дигар ороишоти солинавӣ зебу зинат дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, соли равон маркази вилоятро боз се арчаи дигари солинавӣ низ оро хоҳанд дод, ки дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, назди маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» ва дар майдони «Регистон», воқеъ дар назди бозори марказии «Панҷшанбе» гузошта мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, шурӯъ аз 15 декабр то 30 декабр дар назди арчаи солинавии марказӣ бо иштироки тарбиятгирандагони муассисаҳоитомактабӣ, толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ, аҳли ҷомеа ва сокинони шаҳр чорабиниҳои гуногуни идона баргузор мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.