Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар шаҳри Истамбули Туркия ба президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият иросл намуд. «Дар робита ба ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди онҳо бар асари таркишҳои фоҷеабор дар назди варзишгоҳи шаҳри Истамбул тассалияти инҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия ирсол […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар шаҳри Истамбули Туркия ба президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият иросл намуд.

«Дар робита ба ҳалокати даҳҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркия ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди онҳо бар асари таркишҳои фоҷеабор дар назди варзишгоҳи шаҳри Истамбул тассалияти инҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия ирсол медорам», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки Тоҷикистон ин амали интиҳории ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро ба ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор намуда, ба осебдидагон шифои комил хостааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.