Тести муҳоҷири тоҷик барои кормандони пулиси Русия

Муҳоҷир аз Тоҷикистон Каримҷон Ёров дар метрои шаҳри Маскав барои кормандони пулиси Русия як санҷише мегузаронад, зеро ба андешаи ӯ, онҳо оинномаро риоя намекунанд. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии "Life News”, ин мусофир тарзи муносибат ва сатҳи дониши кормандони пулис аз қонунҳои федералии Русияро мавриди санҷиш қарор додааст. Каримҷон Ёров дар истгоҳҳои метро гаштугузор намуда, […]

Asia-Plus

Муҳоҷир аз Тоҷикистон Каримҷон Ёров дар метрои шаҳри Маскав барои кормандони пулиси Русия як санҷише мегузаронад, зеро ба андешаи ӯ, онҳо оинномаро риоя намекунанд.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии "Life News”, ин мусофир тарзи муносибат ва сатҳи дониши кормандони пулис аз қонунҳои федералии Русияро мавриди санҷиш қарор додааст.

Каримҷон Ёров дар истгоҳҳои метро гаштугузор намуда, кори кормандони пулисро мушоҳида ва ба онҳо саволҳо дода, онро дар телефони мобилии худ сабт мекунад. Саволҳои ӯ ба фаъолияти ҷорӣ ва қонунӣ будани кори кормандони пулис марбутанд. Каримҷон Ёров мутмаин аст, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирон мудом поймол мешаванд.

– Дар ҳар ҷое, ки рафтори номуносибро мебинам, онро наворбардорӣ мекунам, ҳангоме ки аз ҳуқуқҳояшон суистифода бурданӣ мешаванд, наздашон барои суҳбат меоям, – гуфтааст Каримҷон Ёров. – Худро муаррифӣ намекунанд, ҳамаро бидуни асосу сабаб бозмедоранд, аз қонунҳои федералӣ огаҳӣ надоранд ва танҳо чизе, ки сардорашон гуфтааст, ҳамонро хуб медонанд.

Тавре аз наворҳои видеоӣ бармеояд, суҳбатҳои ӯ бо намояндагони мақомоти интизомӣ чанд дақиқае давом ёфта, Каримҷон ба онҳо якхела саволҳо медиҳад, ки боиси норозигии кормандони пулис мешавад. Аммо қобили зикр аст, ки кормандони пулис низ ба муноқиша напардохта, кӯшиш мекунанд, ки ба саволҳои ӯ бо такя ба муқаррароти қонунҳои федералӣ ва асноди танзимкунандаи фаъолияти мақомоти пулиси Русия посухҳои муносиб диҳанд.

Каримҷон Ёров дар мусоҳиба бо расонаи мустақили "Ахбор” гуфтааст, шабакаи "Life News” боз ҳам на ҳамаи ончиро ки буд, рӯи эфир овард. Ӯ аз мушоҳидаҳояш гуфтааст, аксари кормандони пулис худ қонунҳои Русияро хуб намедонанд, вале аз ин ки муҳоҷирон ҳуқуқи худро намедонанд, сӯиистифода мебаранд: «Муҳоҷирони бечора ҳуқуқи худро хуб намедонанд ва вақте пулис фишорашон меорад, метарсанд ва ҳарчӣ аз онҳо бихоҳанд, анҷом медиҳанд». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.