Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 14 то 18 декабр ба Ҳиндустон сафари давлатӣ анҷом медиҳад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо президент ва нахуствазири Ҳиндустон дидору гуфтушунид карда, дар ин вохӯриҳо баррасии масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, амнияту мудофиа, туризму энергетика, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 14 то 18 декабр ба Ҳиндустон сафари давлатӣ анҷом медиҳад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо президент ва нахуствазири Ҳиндустон дидору гуфтушунид карда, дар ин вохӯриҳо баррасии масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, амнияту мудофиа, туризму энергетика, мубориза бо терроризм ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар назар аст.

Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои ин сафар имзои бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон байни Тоҷикистону Ҳиндустон заминаи хуби қарордодиву ҳуқуқии иборат аз 60 санади байниҳукуматӣ ва байни вазорату идораҳо барои ҳамкорӣ вуҷуд дошта, ҳамчунин миёни кишварҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ амал мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.