Манъи парвози ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» ба Русия

Русия аз ҳамин рӯз, 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русияро мутаваққиф мекунад. Бино ба иттилои мақомоти дахлдори Русия, рӯзи 22 декабр гуфтушуниди ҷонибҳо дар ин робита анҷом ёфта, доир ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»-и Русия аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил нашудааст. Аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти […]

Манъи парвози ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» ба Русия

Русия аз ҳамин рӯз, 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русияро мутаваққиф мекунад.

Бино ба иттилои мақомоти дахлдори Русия, рӯзи 22 декабр гуфтушуниди ҷонибҳо дар ин робита анҷом ёфта, доир ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»-и Русия аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил нашудааст.

Аз хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Русия ба хабаргузории РИА Новости хабар додаанд, ки дар посух Русия аз 23 декабр ҳамаи парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русияро манъ мекунад.

Қаблан рӯзи панҷшанбе Тоҷикистон ба таври истисноӣ қарор қабул намуда, ба ширкати “Ямал” барои иҷрои танҳо 1 парвоз иҷозат дода буд.

Ёдрас мекунем, ки аз ин пештар Маскав ба Душанбе нома ирсол намуда, дар он иҷозати бечуну чарои парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»-ро аз фурудгоҳи Жуковский талаб карда буд.

Дар ин масъала Тоҷикистон доир ба баробарҳуқуқӣ ҳарф мезанад. «Ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Баъзе ҳолатҳоро бо назардошти усули баробарҳуқуқӣ мувофиқа кардан зарур аст», – гуфта буд ба «Азия-Плюс» рӯзи сешанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.