Сафири Русия: «Мизони андоз дар Тоҷикистон ниҳоят баланд аст»

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як матлабаш доир ба равобити Душанбеву Маскав дар маҷаллаи “Международная жизнь” гуфтааст, ки сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд. Игор Лякин Фролов дар шарҳи ин гуфтаҳояш рӯзи 20 декабр дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфтааст: “Ман бо намояндагони ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунам. Масалан, бо ширкати […]

Радиои “Озодӣ”

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як матлабаш доир ба равобити Душанбеву Маскав дар маҷаллаи “Международная жизнь” гуфтааст, ки сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд.

Игор Лякин Фролов дар шарҳи ин гуфтаҳояш рӯзи 20 декабр дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфтааст: “Ман бо намояндагони ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунам. Масалан, бо ширкати “Мегафон”, “Билайн”, “Газпром- нефть». Ҳамаи онҳо мегӯянд, ки мизони андоз ниҳоят баланд аст. То ҳадде, ки он кори ширкатҳоро душвор мекунад. Бинобар ин, ман салоҳ донистам дар ин мақола ин нуқтаро зикр кунам."

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки “мизони ниҳоят баланди андоз” ва “зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои бозӣ аст”, сармоягузорони рус аз Тоҷикистонро мегурезонад».

Ҷаноби Фролов дар идомаи матлабаш навиштааст, ки ба ин хотир ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон тайи соли охир коҳиш ёфтааст.

Аммо дар ин матлаби сафир зикр мешавад, ки Русия барои Тоҷикистон ҳамоно шарики рақами яки тиҷорӣ боқӣ мемонад ва ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар ҳудудан ба 1 миллиард доллар баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.