Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон якҷо бо Русия дарди талафоти вазнинро қисмат мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиии Русия дар акваторияи Баҳри Сиёҳ ба Президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки «хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиро дар акваторияи Баҳри Сиёҳ, ки дар он хизматчиёни ҳарбии Россия, намояндагони […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиии Русия дар акваторияи Баҳри Сиёҳ ба Президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки «хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиро дар акваторияи Баҳри Сиёҳ, ки дар он хизматчиёни ҳарбии Россия, намояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ ва воситаҳои ахбори омма қарор доштанд, бо андӯҳи гарон дарёфтам».

«Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез мо дар Тоҷикистон дарди ин талафоти вазнинро якҷо бо Шумо қисмат мекунем», – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон дархост кардааст, ки тасаллияти амиқ ва ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба тамоми наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонида шавад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 25 декабр ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётии Ту-154-и Русия, ки ба Сурия раҳсипор буд, дар акваторияи Баҳри Сиёҳ ба садама дучор гардида, бар асари он 92 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.