Иштироки беш аз 120 нафар ҷавонони Душанбе ва НТМ дар лагери иқтисодӣ

Рӯзҳои 9-13 январи соли равон дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм лагери иқтисодӣ баргузор гашта истодааст, ки  дар он 126 нафар ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ),  ғолибони даври аввали лоиҳаи “Ояндаатро имрӯз бисоз” иштирок доранд. Ин лагери иқтисодӣ  бо иқдоми ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи ҶТ ва бо […]

Иттилоияи расмӣ

Рӯзҳои 9-13 январи соли равон дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм лагери иқтисодӣ баргузор гашта истодааст, ки  дар он 126 нафар ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ),  ғолибони даври аввали лоиҳаи “Ояндаатро имрӯз бисоз” иштирок доранд.

Ин лагери иқтисодӣ  бо иқдоми ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи ҶТ ва бо дастгирии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Иҷрокунандаи лоиҳа Маркази таълимии “Таҷрибаи пешқадам дар бизнес ва молия” ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосии лоиҳа ва баргузории лагери иқтисодӣ муҳайё сохтани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, омӯзиш ва мукаммал намудани  малакаи соҳибкорӣ барои ҷавонон буда, қисми ҷудонашавандаи Лоиҳаи “Вусъат додани имкониятҳои ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ” мебошад.

Ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Рашт, Роғун, Файзобод, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Душанбе дар доираи кори лагери иқтисоди ба гурӯҳҳои хурди 5-нафарӣ ҷудо шуда, оид ба навиштани нақшаи тиҷорат, нашаи маркетинг, нақшаи истеҳсолӣ, ҳисобу китоби арзиши аслӣ донишу малакаи хешро вусъат дода, нақшаи тиҷорати худро таҳия месозанд ва дар ҷамбаст онро назди намояндагони институтҳои молиявии кишвар муаррифӣ менамоянд.

Хотирррасон менамоем, ки ҳамин гуна лагери иқтисодӣ барои 138  нафар ҷавонони вилояти Суғд рӯзҳои 3-7 январ дар осоишгоҳи «Шохин»-и Бонки миллӣ баргузор карда шуд. Рӯзҳои 17-21 январ чунин чорабинӣ барои 140 нафар ҷавонони вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.