Тағйири хатсайри чанде аз микроавтобусҳо дар пойтахт

Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба хатсайри чанде аз микроавтобусҳо тағйирот ворид намуда, аз охири ҳафтаи гузашта маршруткаҳои рақамҳои «2» ва «33» дигар тариқи кӯчаи Неъмат Қарабоев ҳаракат намекунанд. «Дар робита ба тағйири роҳи ҳаракати чанде аз хатсайрҳо кӯчаи Неъмат Қарабоев аз сарбории ҳаракати нақлиёт озод карда шуд. Дар ин ҷо мудом танбашавии нақлиёт ба мушоҳида мерасид», […]

Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба хатсайри чанде аз микроавтобусҳо тағйирот ворид намуда, аз охири ҳафтаи гузашта маршруткаҳои рақамҳои «2» ва «33» дигар тариқи кӯчаи Неъмат Қарабоев ҳаракат намекунанд.

«Дар робита ба тағйири роҳи ҳаракати чанде аз хатсайрҳо кӯчаи Неъмат Қарабоев аз сарбории ҳаракати нақлиёт озод карда шуд. Дар ин ҷо мудом танбашавии нақлиёт ба мушоҳида мерасид», – хабар дод ба «Азия-Плюс» директори муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ғаюрбек Искандаров.

Аз болои иҷрои қарори тағйири ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳои мазкур кормандони ин муассиса назорат бурда, тамоми рӯз дар Кӯчаи Неъмат Қарабоев рейдҳо баргузор намуданд.

Қаблан маршруткаи №2 бо кӯчаи Неъмат Қарабоев тариқи фурӯшгоҳи «Гулистон» то хиёбони Саъдии Шерозӣ ҳаракат мекарданд. Акнун маршруткаҳои ин хатсайр то хиёбони Саъдии Шерозӣ тавассути бозори «Ҷал-Ҷам» ва маҳаллаи 33 ҳаракат мекунанд.

Маршруткаҳои рақами 33 акнун на тариқи фурӯшгоҳи Гулистон, балки бо роҳи бетонии қад-қади дарёи Душанбе ҳаракат мекунанд.

Ҳамин тариқ ҳукумати пойтахт ба баъди ним сол дар кӯчаҳои Душанбе боқӣ намондани маршруткаҳо омодагӣ мегирад. Ба ивази онҳо автобусу троллейбусҳо ба мардум хизмат хоҳанд расонд.

«Нархи равуо дар хатсайрҳои самти ҳаракаташон ивазшуда бетағйир боқӣ монда, агар ронандагон аз шумо ҳаққи роҳикрои зиёдтар талаб кунанд, рақами автомашинаи чунин ронандагонро ба мо хабар диҳед ва нисбати ӯ мо чораҷӯйӣ мекунем», – гуфт Искандаров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.