Дар ҳамла ба бемористони Кобул 30 нафар кушта шуданд

Субҳи рӯзи 8 март гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ба як бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд дар Кобул ҳамла карда,  дар ин ҳамла 30 нафар кушта ва бештар аз 50 тани дигар захм бардоштаанд. Дар назди дарвозаи вурудии бемористон аввал таркиш рух дода, сипас ҳамлакунандагон худро ба дохили бино расонданд ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд. […]

Радиои Озодӣ

Субҳи рӯзи 8 март гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ба як бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд дар Кобул ҳамла карда,  дар ин ҳамла 30 нафар кушта ва бештар аз 50 тани дигар захм бардоштаанд. Дар назди дарвозаи вурудии бемористон аввал таркиш рух дода, сипас ҳамлакунандагон худро ба дохили бино расонданд ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон Давлат Вазирӣ гуфтааст, ки ҳамаи захмиёни ин ҳодиса ба ҷойҳои муносиб интиқол дода шудаанд. То ба ҳол шахсияти қурбониёни ин даргирӣ эълон нашудааст. Мақомоти афғон ҳамзамон эълон кардаанд, ки ҳамаи чаҳор марди ҳамлакунанда кушта шудаанд.

Як масъули ин бемористон гуфтааст, ки ҳамлаварон аз тарафи шимоли шифохона ба дохил ворид шудаанд.Тибқи гузоришҳо, ҳамлакунандагон ба ошёнаҳои дувум, савум, чаҳорум ва шашуми бемористон худро расонида ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Забеҳулло Муҳоҷид, сухангӯи Толибон даст доштани ин гурӯҳ дар ҳамла ба бемористонро рад кардааст. Аммо тибқи бархе гузоришҳо, гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.