Анҷоми даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат

Давоми рӯзҳои 5-8 март даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон доир гардид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, чемпиони мамлакат – «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Барқчӣ»-и Ҳисорро қабул карда, бо натиҷаи 6:0 ғалаба кард. Се тӯбро Манучеҳр Ҷалилов, ду голро –  Дмитрий Барков ва як голи дигарро Ҷаҳонгир Алиев ба нишон расониданд […]

Asia-Plus

Давоми рӯзҳои 5-8 март даври аввали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, чемпиони мамлакат – «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Барқчӣ»-и Ҳисорро қабул карда, бо натиҷаи 6:0 ғалаба кард. Се тӯбро Манучеҳр Ҷалилов, ду голро –  Дмитрий Барков ва як голи дигарро Ҷаҳонгир Алиев ба нишон расониданд

«Ҳосилот»-и Фархор дар бозии нахустини худ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуда, голи меҳмононро Дилшод Бозоров ва голҳои соҳибони майдонро Ҳасан Рустамов ваАгблей Ҷонс ба ҳадаф расониданд.

Ду бозии дигари давраи якуми мусобиқаи 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбе, 5 март доир гардид, бинобар омода набудани варзишгоҳҳои шаҳрҳои Турсунзодаву Қӯрғонтеппа, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо гардида, бо натиҷаҳои мусовӣ анҷом ёфтанд. Бозии «Регар-ТадАЗ» бо «Панҷшер» – 1:1 ва «Вахш» бо КМВА»Помир» – 0:0 анҷом пазируфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.