ИМА Русияро ба вусъати мушакҳои болдор айбдор кард

Вазорати дифои ИМА Русияро ба вусъат додани мушакҳои болдор, ки хилофи шартномаи соли 1987 дар бораи коҳиши таслиҳот мебошад, айбдор кардааст. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, муовини раҳбари Кумитаи сардорони ситоди қувваҳои мусаллаҳи Амрико Пол Селви гуфтааст, ин амали Москва барои иншооти НАТО дар Аврупо хатар дорад, вале дар бораи кадом мушакҳо […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати дифои ИМА Русияро ба вусъат додани мушакҳои болдор, ки хилофи шартномаи соли 1987 дар бораи коҳиши таслиҳот мебошад, айбдор кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, муовини раҳбари Кумитаи сардорони ситоди қувваҳои мусаллаҳи Амрико Пол Селви гуфтааст, ин амали Москва барои иншооти НАТО дар Аврупо хатар дорад, вале дар бораи кадом мушакҳо сухан рафтан дақиқан маълумот надодааст.

Миёнаҳои моҳи феврали соли равон The New York Times навишт, ки Русия низоми нави мушакҳои болдорро роҳандозӣ карда, шартномаи маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвозро, ки соли 1987 миёни СССР ва ИМА имзо шуда буд, вайрон кард.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков иддаои нашрияро рад карда, гуфт, Москва "пойбанди уҳдадориҳои байналмилалии худ хоҳад монд".

Шартномаи бемуҳлати маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвоз 1 июни соли 1988 ба иҷро даромад. Бар пояи он, ИМА ва Русия (ҳамчун вориси СССР) вазифадоранд, то аз сохтан ва озмоиши мушакҳои болдор, ки аз 500 то 5500 километр парвоз мекунанд, худдорӣ намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио