«Металор» ба поксозии тиллои Тоҷикистон машғул мешавад

Дар доираи сафари хидматии намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таҳти сарварии Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ба шаҳри Марини Швейтсария миёни БМТ ва ширкати “Металор”-и ин кишвар Шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, ширкати “Металор”-и Швейтсария соли 1852 ташкил ёфта, яке аз бонуфузтарин ширкатҳо дар соҳаи коркард […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари хидматии намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таҳти сарварии Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ба шаҳри Марини Швейтсария миёни БМТ ва ширкати “Металор”-и ин кишвар Шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, ширкати “Металор”-и Швейтсария соли 1852 ташкил ёфта, яке аз бонуфузтарин ширкатҳо дар соҳаи коркард ва тасфияи филизоти қиматбаҳо ба ҳисоб меравад. Ширкати мазкур дар саросари ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, дар 17 кишвар намояндагиҳои худро кушодааст. Ба шабакаи байналмилалии муштариён пайваст буда, маҳсулоти ин ширкат дар ИМА (Лос Анҷелес ва Лима), Аврупо (Лион) ва Осиё (Ҳонконг) ба муомилот бароварда мешавад.

Гуфта мешавад, теъдоди кормандони умумии ширкати мазкур 1650 нафарро ташкил медиҳад. Маҳсулоти ин ширкат дар саноати электронӣ, мошинасозӣ ва соҳаи ороишӣ истифода мешавад. Дар корхонаи мазкур маҳсулоти хом ва нимтайёр, ба монанди тилло, платинум, палладий ва нуқра коркард карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки истихроҷи филизоти қиматбаҳо, бахусус тилло дар Тоҷикистон ҳамасола асосан бо кумаки сармоягузорони Чин дар ҳоли афзоиш аст.

Соли 2016 корхонаҳои истеҳсоли тиллои Тоҷикистон беш аз панҷ тонна тилло истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2015 ба миқдори 500 кило бештар аст. Ҳаҷми истеҳсоли нукра дар соли гузашта бошад, 3,2 тоннаро ташкил дод, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2015 ба миқдори 200 кило бештар мебошад.

Харидорони асосии тиллои дар Тоҷикистон истихроҷшуда Бонки миллии ҷумҳурӣ ва Вазорати молияи кишвар мебошанд. Нуқра қариб пурра ба кишварҳои аврупоӣ содирот мешавад.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, соли 2016 дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ҳиссаи тилло 14%-ро ташкил додааст.

Швейтсария яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, беш аз 90%-и сохтори муомилоти моли ин кишварҳо аз содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.