Интишори «селфӣ»-и Гулмурод Ҳалимов бо духтараш дар ВАО

Аксҳои нави полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ки ҳамсари дуюм ва кӯдакаш ба назди ӯ рафтаанд. Дар ду акси Гулмурод Ҳалимов, ки ба дасти Радиои Озодӣ расидааст, духтари бузурги ӯ аз Ҳумайро Мирова дар канораш нишастааст. Дар ин аксҳо полковники фирорӣ бо мӯйҳои жулидаи хоси ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” духтари бузургашро […]

Радиои Озодӣ

Аксҳои нави полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ки ҳамсари дуюм ва кӯдакаш ба назди ӯ рафтаанд.

Дар ду акси Гулмурод Ҳалимов, ки ба дасти Радиои Озодӣ расидааст, духтари бузурги ӯ аз Ҳумайро Мирова дар канораш нишастааст. Дар ин аксҳо полковники фирорӣ бо мӯйҳои жулидаи хоси ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” духтари бузургашро дар бағалаш гирифтааст. Возеҳ нест, ки ин аксҳоро дар куҷо ва кай гирифтаанд.

Хонаводаи Ҳумайро Мирова гуфтаанд, дар як акси дигари Гулмурод Ҳалимов, ки охири соли гузашта нашр шуд, Муҳаммад, писари панҷсолаи ӯро шинохтаанд.

Шоҳназар Миров, бародари Ҳумайро Мирова иброз доштааст, ки аз рӯи аксҳо дигар шубҳае намонд, ки ӯ ба пеши шавҳараш расидааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ Ҳумайро бо наздиконаш тамос надошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.