Соли 2017 санҷишҳои соҳибкорон кам мешаванд

Соли 2017 шумори санҷишҳои субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистон 70% – ҳамагӣ то 71 326 санҷиш (соли 2016 – 248 557 санҷиш) кам хоҳад шуд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки аввали сол Шӯрои ҳамоҳангсози санҷишҳои назди ҳукумат ба фаъолият пардохт, ки аз болои риояи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2017 шумори санҷишҳои субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистон 70% – ҳамагӣ то 71 326 санҷиш (соли 2016 – 248 557 санҷиш) кам хоҳад шуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки аввали сол Шӯрои ҳамоҳангсози санҷишҳои назди ҳукумат ба фаъолият пардохт, ки аз болои риояи қонун ва роҳ надодан ба санҷишҳои такрорӣ аз ҷониби вазорату идораҳо назорат мекунад.

“Аввали сол мониоринги Қонуни ҶТ “Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ” гузаронида шуда, номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ – 14% ва мақомоти иҷозатномадеҳ – – 17% кам шуда, акнун шумори номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ аз 86 адад то ба 74 адад ва мақомоти иҷозатномадеҳ аз 23 адад то 19 адад ихтисор шуданд”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси Кумита, бо мақсади дастгирии соҳибкорон ба қонун “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” тағйироту иловаҳо ворид гардида, ин тадбирҳо бояд ба рушди тиҷорат ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар кишвар мусоидат намоянд.

Зимнан зикр гардид, ки дар раддабандии нави “Пешбурди тиҷорат-2017” (Doing Business)-и Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон мавқеашро 4 зина беҳтар карда, зинаи 128-умро ишғол намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.