Ҳабси набераи ноиби нахуствазири Озарбойҷон барои садамаи маргбор

Набераи Алӣ Ҳасанов, ноиби нахуствазири Озарбойҷон барои садамаи маргбор дар Боку боздошт шуд. Бино ба иттилои сомонаи tajikistantimes.tj, Вазорати дохилии Озарбойҷон гуфтааст, ки Нойил Аллаҳбердиев ба боздоштгоҳ интиқол ёфт ва таҳқиқи парванда идома дорад. Бино ба изҳороти Вазорати дохилӣ, Аллаҳбердиев дар таърихи 3 август, бо мошини тамғаи Mercdes SUV ду нафарро ҳалок ва ду нафари […]

tajikistantimes.tj

Набераи Алӣ Ҳасанов, ноиби нахуствазири Озарбойҷон барои садамаи маргбор дар Боку боздошт шуд.

Бино ба иттилои сомонаи tajikistantimes.tj, Вазорати дохилии Озарбойҷон гуфтааст, ки Нойил Аллаҳбердиев ба боздоштгоҳ интиқол ёфт ва таҳқиқи парванда идома дорад.

Бино ба изҳороти Вазорати дохилӣ, Аллаҳбердиев дар таърихи 3 август, бо мошини тамғаи Mercdes SUV ду нафарро ҳалок ва ду нафари дигарро маҷруҳ кардааст.

Ба гуфтаи Вазорат ронандаи мошини дигар, ки як тарафи садама буд, низ боздошт шудааст.

Дар изҳорот омадааст, ки сарфи назар аз ҳушдорҳои ҷиддии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, мавридҳои суиистифода аз мақом ва содир кардани ҷиноят аз тарафи мансабдорони давлатӣ ва хонаводаҳои онҳо мушоҳида мешавад.

«Алайҳи мақомоти давлатӣ ва аъзои хонаҳодаи онҳо, ки талаби раҳбари давлатро ба инобат намегиранд, ба ҷомеа беҳурматӣ нишон медиҳанд ва қонуну тартиботро дағалона поймол мекунанд, тадобири ҷиддӣ андешида мешавад»- омадааст дар изҳороти Вазорати дохилии Озарбойҷон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.