Роман Абрамович аз ҳамсари сеюмаш ҳам ҷудо мешавад

Миллиардери рус Роман Абрамович ва ҳамсари ӯ тарроҳ Дария Жукова эълон карданд, ки аз ҳам ҷудо мешаванд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар изҳороти ин ҷуфт дар шабакаи телевизионии РБК қайд шудааст, ки: "Баъди 10 сол зиндагии муштарак, мо як тасмими бисёр душвор гирифтем, ки аз ҳам ҷудо шавем, вале дӯсти якдигар, волидони ду бачаи […]

Радиои Озодӣ

Миллиардери рус Роман Абрамович ва ҳамсари ӯ тарроҳ Дария Жукова эълон карданд, ки аз ҳам ҷудо мешаванд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар изҳороти ин ҷуфт дар шабакаи телевизионии РБК қайд шудааст, ки: "Баъди 10 сол зиндагии муштарак, мо як тасмими бисёр душвор гирифтем, ки аз ҳам ҷудо шавем, вале дӯсти якдигар, волидони ду бачаи олиҷаноб ва коршарики тарҳҳое боқӣ бимонем, ки бо ҳам оғоз кардем ва пеш бурдем"..

Сухан пеш аз ҳама дар бораи осорхонаи ҳунарҳои муосир, бо номи Гараж" дар маркази ҷазираи Голландияи Нав дар Санкт Петребург аст.

Роман Абрамович, ҳамраиси ширкати "Сибнефт" ва ширкатҳои бузурги дигари Русия, аз "хонавода"-и олигархҳои наздик ба раиси ҷумҳури пешин Борис Елтсин буд. Ӯ намояндаи мардумӣ дар Думаи давлатӣ ва ҳамчунин волии ҳавзаи мухтори Чукотск буд. Абрамович солҳои ахир дар Лондон зиндагӣ мекунад ва молики клуби футболи "Челсӣ" аст.

Дария Жукова аз солҳои 1990 дар Лондон ба сар мебурд ва соли 2005 дар ҳамин шаҳр бо Роман Абрамович шинос шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.