Омодагирии Душанбе ба Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои ОМ ва Озарбойҷон

Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт дар Қоҳира сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷлоси дувуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки қарор аст, дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе 16 октябри […]

Asia-Plus

Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт дар Қоҳира сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷлоси дувуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки қарор аст, дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе 16 октябри 2017 баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин росто таъкид гардид, ки қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи мизбонии нишасти навбатии Форуми мазкур баёнгари эҳтимоми фазояндаи кишвари мо ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ мебошад.

Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ аз даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ба ӯ дар ҷараёни мулоқоти мазкур супорида шуд, изҳори сипос намуда, иштироки худро дар Форуми Душанбе таъкид кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.