Иштироки дзюдочиёни тоҷик дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Чилӣ

Рӯзҳои 9-13 августи соли равон дар Чилӣ чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар чемпионат 441 варзишгар (занону мардон) аз 68 давлат иштирок мекунанд. Гуфта мешавад, аз Тоҷикистон дар чемпионати мазкур 5 варзишгар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 9-13 августи соли равон дар Чилӣ чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар чемпионат 441 варзишгар (занону мардон) аз 68 давлат иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, аз Тоҷикистон дар чемпионати мазкур 5 варзишгар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов, Ҷамолиддин Абдуллоев (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок мекунанд.

Ёдрас мешавад, ки чанде пеш (13-14 июл) дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Разиаллоҳ Лоиқов ва Ҷаҳонгир Маҷидов чемпиони Осиё гардида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.