Анҷоми қайди хоҳишмандони номзадӣ ба курсии президенти Қирғизистон

Дар Қирғизистон ҷараёни бақайдгирии хоҳишмандони номзадӣ ба курсии президенти ин кишвар ба анҷом расид. Маъракаи интихобот санаи 15 октябр таъин шудааст. Ба Комиссияи марказии интихобот 11 нафари аз ҷониби ҳизбҳо пешбаришуда ҳуҷҷат супорида, шумори номзадҳои мустақил чор баробар зиёд ба қайд гирифта шуд. Нашрияи «Новая газета» менависад, номзад ба ин мансаб раиси ҶДММ «Шамтриса» Руслан […]

Asia-Plus

Дар Қирғизистон ҷараёни бақайдгирии хоҳишмандони номзадӣ ба курсии президенти ин кишвар ба анҷом расид.

Маъракаи интихобот санаи 15 октябр таъин шудааст. Ба Комиссияи марказии интихобот 11 нафари аз ҷониби ҳизбҳо пешбаришуда ҳуҷҷат супорида, шумори номзадҳои мустақил чор баробар зиёд ба қайд гирифта шуд.

Нашрияи «Новая газета» менависад, номзад ба ин мансаб раиси ҶДММ «Шамтриса» Руслан Ҷунусов аз имтиҳони забони қирғизӣ нагузашта, аз 59 нафари хоҳишмандони ишғоли мансаби президентӣ 11 нафарашон қаблан маҳкум ва доғи судӣ (2 нафар ҳатто ду маротиба) доранд.

Гуфта мешавад,  5 номзад – нахуствазири кунунӣ ва дастнишондаи президенти ҳозира Сооронбой Жээнбеков; пешвои фраксияи парлумонии «Ҷумҳурӣ  — Ота-Журт» Омурбек Бабанов (собиқ нахуствазир); пешвои ҳизби «Ак Шумкар» Темир Сариев (боз як собиқ нахуствазир); раиси ҳизби «Онугуу-Прогресс» Бакит Торобаев ва собиқ раиси парлумон, номзад аз ҳизби «Ота-Журт» Ахматбек Келдибеков имкони бештари пирӯзӣ дар интихоботро доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.