Коршинос: Баҳамоии Толибон ва ДИ дар Афғонистон комилан дурнамои воқеист

Ҷангиёни гурӯҳи фаъолияташ дар як қатор давлатҳо манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ) ва ҳаракати Толибон барои сарнагун кардани ҳукумати амалкунандаи Кобул дарвоқеъ ҳам муттаҳид шуда метавонанд. Коршиноси масоили сиёсӣ Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки созиши аъзои ҳаракати Толибон бо ҷангиёни Давлати исломӣ – зодагони Афғонистон имкон дошта, вале онҳо ҷангиёни ДИ аз давлатҳои арабӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҷангиёни гурӯҳи фаъолияташ дар як қатор давлатҳо манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ) ва ҳаракати Толибон барои сарнагун кардани ҳукумати амалкунандаи Кобул дарвоқеъ ҳам муттаҳид шуда метавонанд.

Коршиноси масоили сиёсӣ Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки созиши аъзои ҳаракати Толибон бо ҷангиёни Давлати исломӣ – зодагони Афғонистон имкон дошта, вале онҳо ҷангиёни ДИ аз давлатҳои арабӣ ва дигар кишварҳоро, ки афкори ваҳҳобиву салафияро тарғиб мекунанд, комилан қабул надоранд.

Ғайр аз ин, ба ақидаи ӯ, барои муттаҳид шудани ҳаракати Толибон ва Давлати исломӣ дар Афғонистон бозигарони “пасипардагӣ”-и ҷанги ин кишвар, ки асосиаш ИМА аст, нақши ҳалкунанда дошта метавонанд ва “агар ин иттиҳод ба нафъи Вашингтон бошад, он сурат мегирад”.

Сиёсатшинос хотиррасон намуд, ки нимаи солҳои 90-уми асри гузашта маҳз бо дастури ИМА Гулбиддин Ҳикматёр бидуни ҷанг аксари минтақаҳои Афғонистонро ба ихтиёри толибон гузошт.

“Он замон ба ҷуз пирӯзиҳои пурсарусадо, боз хеле зиёд аслиҳаи муосир, техника ва муҳимоти ҷангӣ дар ихтиёри ҳаракати Толибон қарор гирифта, чанде аз кишварҳои минтақа ба гуфтушунид бо онҳо омодагӣ изҳор намуданд”, – гуфт Нуралӣ Давлат.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи равон ҷангиёни гуруҳи Давлати исломӣ ва ҳаракати Толибон дар вилояти Сарипули Афғонистон наздик ба 50 нафарро куштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.