Қарзи давлатии ИМА аз 20 000 000 000 000 доллар зиёд шуд

Қарзи давлатии ИМА аз рӯи натиҷаҳои рӯзи 8 сентябр марзи таърихии 20 триллион долларро убур кард. Бино ба маълумоти хабаргузории «Медуза», ҳисобот доир ба вазъи қарзи давлатӣ ҳамарӯза дар сомонаи Вазорати молияи ин кишвар нашр мешавад. Гуфта мешавад, қонуни 8 сентябр баимзорасида ба афзудани қарз ба маблағи 318 млрд. доллар боис гардид. Ин қонун ба […]

Asia-Plus

Қарзи давлатии ИМА аз рӯи натиҷаҳои рӯзи 8 сентябр марзи таърихии 20 триллион долларро убур кард.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Медуза», ҳисобот доир ба вазъи қарзи давлатӣ ҳамарӯза дар сомонаи Вазорати молияи ин кишвар нашр мешавад.

Гуфта мешавад, қонуни 8 сентябр баимзорасида ба афзудани қарз ба маблағи 318 млрд. доллар боис гардид. Ин қонун ба ҳукумати ИМА ҷиҳати дар муҳлати се моҳ ҷалб кардани қарзҳои нави имкон фароҳам овард. Аз ҷумла, 15 млрд. доллар ба осебдидагон аз тӯфони «Харви» равона мегардад.

Барои қабули қонун дар бораи боло бурдани сатҳи қарзи давлатӣ президенти ИМА Доналд Трамп бо демократҳо дар Конгресс созишнома ҳосил кард. Замони савгандёдкунии Трамп қарзи давлатӣ 19,9 триллион долларро ташкил медод.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 қарзи давлатии ИМА 106% аз ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил медод, ки нишондиҳандаи сеюм миёни кишварҳои «Бистгонаи бузург» аст. Зинаи аввалро Япония ишғол мекунад, ки қарзи давлатиаш ба 9,1 триллион доллар баробар буда, вале аз ҳаҷми умумии ММД дуюним маротиба зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Русия, охири соли 2017 ҳаҷми қарзи давлатии ин кишвар 12,7 триллион рублро ташкил додааст, ки ба 13,8%-и аз ҳаҷми умумии ММД баробар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ