Таҳримҳои нави Шӯрои амнияти СММ зидди Кореяи Шимолӣ

Шӯрои амнияти СММ рӯзи душанбе дар посух ба озмоиши шашум ва нирӯмандтарини ҳастаии Кореияи Шимолӣ, ки 3 сентябри соли равон анҷом шуд, зидди Пхенян таҳримҳои нав эълом кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, баъзе аз чораҳои пешниҳодии ИМА бо пойфишории ҷониби Чину Русия рад шуданд. Пекину Москва мегӯянд, пурра таҳрим кардани интиқоли […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шӯрои амнияти СММ рӯзи душанбе дар посух ба озмоиши шашум ва нирӯмандтарини ҳастаии Кореияи Шимолӣ, ки 3 сентябри соли равон анҷом шуд, зидди Пхенян таҳримҳои нав эълом кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, баъзе аз чораҳои пешниҳодии ИМА бо пойфишории ҷониби Чину Русия рад шуданд. Пекину Москва мегӯянд, пурра таҳрим кардани интиқоли нафти Кореяи Шимолӣ ва чораҳои ҳамсони дигар созанда нестанд ва вазъро дар нимҷазираи Корея бадтар хоҳанд кард.

Маъмурияти президент Доналд Трамп гуфта буд, танҳо бо роҳи эъломи таҳримҳои шадид мешавад Пхенянро маҷбур кард, то аз барномаҳои ҳастаию мушакияш даст кашад ва роҳи гуфтушунидро пеш гирад.

Қатъномаи нави Шӯрои амният содироти маҳсулоти нассоҷӣ аз Кореяи Шимолӣ ва интиқоли гази табииро ба ин кишвар манъ ва фурӯши нафту маҳсулоти нафтии онро маҳдуд мекунад. Санад аз кишварҳои ҷаҳон низ даъват мекунад, то тамоми киштиҳоеро, ки ба Кореяи Шимолӣ мераванд ё аз он хориҷ мешаванд, тафтиш кунанд.

Ба қатънома пешниҳодҳои аслии ИМА, ки хоста буд, сафарҳои хориҷии президенти Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин таҳрим ва дороиҳояш дар хориҷ ба ҳабс гирифта шаванд, шомил нагаштанд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар мавриди озмоиши навбатии силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ нигаронӣ изҳор намуда, қайд кард, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.