Дархости аз 7 то 17 соли зиндон барои собиқ кормандони Агентии зиддифасод

Барои собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода айбдоркунандаи давлатӣ муҳлати аз ҳама бештар – 17 соли зиндонро дархост намуд. Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи собиқ кормандони Агентии зиддифасод ҳанӯз охири моҳи август айбномаҳои ниҳоиро пешниҳод намуда, вале чун ин парванда муҳри махфӣ гирифта, паси дарҳои пӯшида мегузарад, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Барои собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода айбдоркунандаи давлатӣ муҳлати аз ҳама бештар – 17 соли зиндонро дархост намуд.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи собиқ кормандони Агентии зиддифасод ҳанӯз охири моҳи август айбномаҳои ниҳоиро пешниҳод намуда, вале чун ин парванда муҳри махфӣ гирифта, паси дарҳои пӯшида мегузарад, рӯзноманигорон танҳо ҳамин рӯз аз муҳлатҳои дархостшудаи прокурор огаҳӣ ёфтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокуратура хабар дод, дар курсии айбдорӣ 8 нафар собиқ кормандони Агентӣ боқӣ мондаанд. Прокурор барои онҳо чунин муҳлатҳои зиндонро дархост кардааст:  барои собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Фирӯз Холмуродзода – 17 соли зиндон; собиқ муфаттиши ҳамин Раёсат Фирдавс Абдуғаффорзода (Фирдавс Ниёзбадалов, домоди собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов) – 15 соли зиндон; собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода (ҷияни собиқ вакили парлумон Саодат Амиршоева) – 12 соли зиндон ва собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар соҳаи нақлиёт Қосим Саидзода – 7 соли зиндон.

Дар бораи ду нафар дигар судшавандагон «Азия-Плюс» маълумот дар даст надорад.

Як манбаи «Азия-Плюс» дар Суди олии Тоҷикистон изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик қарори суд эълон хоҳад шуд.

Қаблан Суди олии Тоҷикистон собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Давлатбек Хайрзодаро ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,6 соли зиндон ва худи ҳамон рӯз Фаридун Беназирзода, собиқ муовин сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, ки қаблан дар Агентии зиддифасод кор мекард, низ барои ришваситонӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи июли соли равон раиси Суди олии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён изҳор намуда буд, ки аз рӯи ин парванда айни замон 13 нафар назди суд ҷавоб мегӯянд, ки 10 нафарашон собиқ кормандони Агентии зиддифасод ва 3 нафар аз сохторҳои дигаранд ва вобаста ба ин парванда айбдор карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.