Эмомалӣ Раҳмон аз Ашқободу Ню-Йорк боздид мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 17 то 23 сентябр аз шаҳрҳои Ашқобод ва Ню-Йорк боздид мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар пойтахти Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои V осиёӣ дар биноҳои пӯшида ва рақобатҳои муҳорибавии «Ашқобод 2017» иштирок мекунад. Ҳамчунин дар Ашқобод як қатор дидору гуфтушунидҳои Сарвари […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 17 то 23 сентябр аз шаҳрҳои Ашқобод ва Ню-Йорк боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар пойтахти Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои V осиёӣ дар биноҳои пӯшида ва рақобатҳои муҳорибавии «Ашқобод 2017» иштирок мекунад.

Ҳамчунин дар Ашқобод як қатор дидору гуфтушунидҳои Сарвари давлати Тоҷикистон бо сарони дигар кишварҳои бо даъвати президенти Туркманистон ба ин маросим ташрифоварда пешбинӣ шудааст.

Аз Ашқобод Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ ба шаҳри Ню-Йорк раҳсипор мегардад.

Иҷлосияи ҳамасолаи мақомоти асосии СММ имрӯз, 12 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк ба кор шурӯъ мекунад. Музокироти умумии сиёсӣ аз 19 сентябр оғоз мегарданд.

Дар Ню-Йорк Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ намуда, як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.