Газ қимат шуду нархи дигар маҳсулоту хизматгузорӣ низ боло рафт

Болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон идома дошта, ин ба қиматшавии дигар маҳсулот низ боис мегардад. Таъсири он ба зиндагии мардум чӣ гуна аст? Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ субҳи рӯзи 18 сентябр гази моеъ барои истифодаи автомашинаҳо бо нархи 3,8-4 сомонӣ фурӯхта мешуд ва ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як моҳ пеш арзиши он 2,8 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон идома дошта, ин ба қиматшавии дигар маҳсулот низ боис мегардад. Таъсири он ба зиндагии мардум чӣ гуна аст?

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ субҳи рӯзи 18 сентябр гази моеъ барои истифодаи автомашинаҳо бо нархи 3,8-4 сомонӣ фурӯхта мешуд ва ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як моҳ пеш арзиши он 2,8 сомониро ташкил медод.

Арзиши роҳкирои таксиҳои самти Душанбе – шаҳри Турсунзода аз 10 то 15 сомонӣ ва нақлиёти хурди мусофиркаш – автобусу маршруткаҳо мутаносибан аз 7 то 8 ва аз 5 то ба 6 сомонӣ афзудаанд.

Болоравии арзиши сӯзишворӣ ба афзоиши нархи ҳамлу нақли маҳсулоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмон ва дигар маводи низ боис гардида, ронандагон ё нархи яклухтро баланд мекунанд, ё ба камтар шудани даромадашон розӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки давоми ҳафтаи ахир нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 9% – аз 3,5 то ба 3,8 сомонӣ барои 1 литр боло рафт. Таҳвилгарони ин навъи сӯзишворӣ болоравии нархи онро ба афзудани нархи гази моеъ дар Қазоқистон нисбат медиҳанд. Беш аз 70% аз ҳаҷми умумии гази моеъро Тоҷикистон маҳз аз ҳамин кишвар ворид мекунад.

Бино ба маълумоти АИ «NewTimes.kz» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон, дар ин кишвар аз оғози сол нархи сӯзишвории дизелӣ – 9,3%, гази моеъ – 7,7% ва бензин – 5,7% боло рафтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.